Мақомоти Яман гуфтанд, рӯзи 19-уми январ дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакӣ ва зарбаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар вилояти Маъриби Яман бештар аз 100 сарбоз кушта шудаанд.
Муҳаммад Ал-Ҳазромӣ, вазири умури хориҷии Яман ҳамлаҳоро, ки назди як масҷид ва ҳангоми намози шом сурат гирифт, "амали террористии номардонае" номид, ки тамоми суннату арзишҳои мазҳабӣ ва инсониро помол кардааст. Аммо Абдулло Маҷолӣ, сухангӯи артиши Яман гуфт, ки дар ҳамлаҳо 76 нафар кушта шудаанд.
Мақомот ошӯбгарони ҳусиро, ки аз тарафи Эрон ҳимоят мешаванд, масъули ҳамла номидаанд, ҳарчанд ҳеҷ гурӯҳе масъулияти онро бар дӯш нагирифтааст. Ҳукумати Яман, ки ҷомеаи байналмилалӣ онро эътироф мекунад ва як эътилофе ба раҳбарии Арабистони Саудӣ ба он кӯмак мерасонанд, аз соли 2014 то кунун бо ошӯбгарони ҳусӣ меҷангад.
Пойтахти Яман шаҳри Санъо ва қисми зиёди шимоли кишвар дар дасти ҳусиҳост. Дар ҷанги панҷсола дар ин кишвари фақиртарини арабӣ бештар аз 10 000 нафар кушта шудаанд.