Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо мегӯяд, барои касони кушташуда дар ҳавопаймои мусофирбари украинӣ, ки ҳафтаи гузашта аз сӯи Эрон сарнагун карда шуд, дар ҷустуҷӯи адолат хоҳад буд.
"Ҳамаи оилаҳо ва кандагиҳоро бовар мекунонам, то вақте ки ҷавобе пайдо накунем, осуда нахоҳем буд", -- гуфт Трюдо рӯзи 13-уми январ дар Эдмонтон, Алберта, дар маросими ёдоварии 57 шаҳрванди кушташудаи Канада.
Пас аз он ки мансабдорони Эрон сарнагун кардани ҳавопайморо пазируфтанд, эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон оғоз ёфтанд.
Нирӯҳои низомии Эрон гуфтанд, нерӯҳои дифои ҳавоӣ рӯзи 8-уми январ ҳавопаймои “Боинг 737-800”-ро нохост зада, сарнагун карданд, ки 176 нафари дар ҳавопаймо буда ҷон бохтанд.
Фоҷиа чанд соат пас аз ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои низомии нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ рӯй додааст. Пас аз пазириши Эрон, 11-уми январ дар Теҳрон ва шаҳрҳои дигар норозигиҳои мардум сар заданд.
Эътирозгарон ба зидди роҳбарии Эрон шиорҳо пахш карданд ва дар бораи задухӯрдҳо бо полис гузоришҳо расиданд. Видеои дар интернет пахшшуда нишон медиҳад, ки шаби 12-уми январ дар майдони "Озодӣ"-и Теҳрон аз сӯи полис ва нерӯҳои амниятӣ барои пароканда кардани тазоҳургарон тирҳои ҷангӣ ва гази ашковар истифода мешуданд.