Барканории сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон ва идомаи тағйирот

Рӯзи 13-уми январ дар чанде аз идораҳои давлатии Тоҷикистон ва ҳукуматҳои маҳаллӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Мунтақидон онро "ҷойивазкунӣ"-и мансабдороне меноманд, ки солҳо боз аз як мақом ба мақоми дигар мегузаранд.

Рӯзи душанбе Муҳаммадраҳим Юсуфӣ – раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Азиз Гиёзода – раиси ноҳияи Шуғнон, Ғайрат Азиззода – раиси ноҳияи Мастчоҳ ва Зафар Файзуллозода -- раиси ноҳияи Қубодиён аз мақомҳои худ озод шудаанд. Дар фармони раиси ҷумҳур барканории онҳо гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст, аммо ҷузъиёташ нест. Вале номзадии бархе аз ин афрод аз тарафи ҳизби ҳокими халқӣ - демократӣ ба интихоботи порлумонии моҳи март пешниҳод шудааст ва эҳтимол тағйирот ба иин рабт дорад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 13-уми январ сафири кишвар дар Қирғизистон Сӯҳроб Олимзодаро низ "барои ба кори дигар гузаштан" аз мақом барканор кард ва ба ҷойи ӯ Назирмад Ализодаро таъйин намудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон ҳамзамон хабар дод, ки Низом Мирзозода бо қарори ҳукумат аз вазифаи муовини раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон озод ва муовини раиси вилояти Хатлон таъйин шудааст.

Манбаъ аз тағйироти кадрӣ дар Вазорати маориф ва илм, дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои Додситонии кул дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе хабар додааст.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10