Иддае аз сокинони шаҳри Бишкек рӯзи 13-уми январ дар назди бинои порлумони Қирғизистон ҷамъ шуда, озодии чаҳор нафареро талаб карданд, ки дар ҷараёни таниши ахири марзӣ бо Тоҷикистон дар вилояти Бодканд дастгир шуданд.
Иқдоми эътирозиро созмони ҷамъиятии "Марз" ташкил кард. Ташкилкунандагон гуфтанд, пулис касонеро боздошт кардааст, ки "зидди фитнаангезии шаҳрвандони Тоҷикистон садо баланд кардаанд".
"Мо талаб мекунем, ки чаҳор боздоштшуда раҳо карда шаванд. Боздошти онҳо фишори равонӣ ба сокинони Бодканд аст", - гуфт Бекназар Айталиев, раиси созмони "Марз".
Шаби 10-уми январ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон низоъ сар зад. Он шаб садои тир шунида шуда, сокинони наздимарзӣ сӯи мошинҳои якдигар сангпартоӣ карданд. Ба иттилои мақомоти қудратӣ, чаҳор сокини Қирғизистон ба далели иғвогарӣ боздошт шудаанд.
Сокинони маҳаллӣ рӯзи 11 январ то нисфи рӯз роҳи мошингарди Ӯш-Бодканд-Исфанаро баста, раҳоии боздоштшудагонро талаб карданд.
Сарҳадбонони Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 12-уми январ гуфтанд, авзоъ дар марзи ду кишвар мураккаб, вале зери назорат боқӣ мемонад ва дигар садои тирандозӣ ба гӯш намерасад. Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Кумитаи марзбонии Қирғизистон гуфтанд, ки посбонон аз ду тарафи марз гаштзаниро идома медиҳанд ва ҷанҷолу кашмакаш дигар дида намешавад.