Раҳима Котибӣ ва Ҳусейн Ризоӣ, ду ҷавоне, ки дар баробари 176 нафар дар ҳодисаи сарнагун шудани ҳавопаймои укроинӣ дар Эрон ба ҳалокат расиданд, тоза бо ҳам издивоҷ карда буданд ва мехостанд дубора ба Шветсия баргарданд.
Ҳудуди 20 рӯз пеш онҳо барои баргузории ҷашни номзадии худ ба Эрон рафта буданд. Чун хонаводаҳои онҳо дар Эрон зиндагӣ мекарданд.
Муҳаммадҳасан Котибӣ, амаки Раҳима, ки бо хонаводааш дар Кобул зиндагӣ мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, “шаш рӯз пеш аз ин ҳодиса онҳо дар Теҳрон маросими издивоҷашонро баргузор карданд”.
Ин мард як шаб пеш аз ҳодиса бо бародарзодаи худ тамоси телефонӣ доштааст. Ин охирин тамоси онҳо буд.
“Охирин сӯҳбати телефонии мо ин буд, ки ӯ ба ман гуфт, ки амакҷон дуо кун. Шухӣ кардам, ки туй кардӣ ва маро хабар накардӣ. Охирин сӯҳбатҳоям бо Раҳима доғе бар дилам гузошт”,--гуфт ӯ.
Раҳима Котибӣ, зодаи вилояти Майдон Вардаки Афғонистон буд ва 20 сол дошт. Ҳашт сол пеш бо хонаводааш ба Эрон муҳоҷир шуд. Ӯ чор соли пеш бо хонаводааш ғайриқонунӣ барои ба даст овардани паноҳандагӣ вориди Аврупо шуд. Хонаводааш аз Аврупо ихроҷ шуд, вале Раҳима дар Шветсия паноҳандагӣ ба даст овард ва шаҳрванди ин кишвар гашт.
Мӯҳсин Котибӣ, падари Раҳима, ки дар Теҳрон зиндагӣ мекунад, дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки духтараш дар Шветсия таҳсил мекард.
Раҳима ва Ҳусейн пас аз чанд рӯзи туй мехостанд, аз тариқи Киев ба Шветсия парвоз кунанд.
Ҳусейн Ризоӣ номзади Раҳима, зодаи вилояти Ҳилманди Афғонистон буд ва хонаводаи ӯ низ дар Эрон зиндагӣ мекард.
То ҳанӯз хонаводаи ин ду ҷавони навхонадор ҷасадҳои онҳоро барои дафн кардан ба даст наовардаанд.
Ғафур Ливол, сафири Афғонистон дар Теҳрон гуфтааст, ки ҷасади қурбониён дар вазъияте нестанд, ки ба таври маъмул шинохта шаванд.
Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои шиносоии ҷасадҳо бояд ташхиси ДНК анҷом шавад.
Ҳавопаймои Boeing 737, ки Ҳусейн ва Раҳима низ мусофири он буданд, рӯзи 8-уми январ чанд лаҳза баъди баланд шудан аз фурудгоҳи Теҳрон ба замин сарозер шуд.
Ин ҳавопаймо бо 176 сарнишинаш ба самти Киев парвоз мекард. Ҳамаи мусофирон, аз ҷумла ҳайати халабонҳо ҷон бохтанд. Онҳо шаҳрвандони Эрон, Шветсия, Афғонистон, Бритониё, Олмон ва Украина буданд.
Пештар сабаби сарнагунии ҳавопаймои "Boeing 737"-и мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии Украина дар Эрон "мушкили фаннӣ" унвон шуда буд.
Рӯзи 11-уми январ Эрон иқрор кард, ки "нохоста" ҳавопаймои украиниро сарнагун намудааст.