Раҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон вазъи марзро баҳс карданд

Рӯзи 11-уми январ Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сомонаи президенти Тоҷикистон хабар додааст, ки ду президент муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла, "вазъи кунунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишварро" муҳокима кардаанд.

"Ҳамчунин мувофиқа ҳосил шуд, ки бо мақсади пешгирӣ кардан аз ҳолатҳои ба вуқӯъ пайвастани ташаннуҷи вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мулоқоту фаъолияти гурӯҳҳои кории ҷонибҳо фаъол гардонида шавад",--навиштааст сомонаи президенти Тоҷикистон.

Дафтари матбуотии президенти Қирғизистон хабар додааст, ки Сооронбой Ҷеенбеков дар сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон ба аҳамияти ҳифзи субот дар марз ва пешгириӣ аз низоъ таъкид кардааст.

Ӯ гуфтааст, ки тоҷикону қирғизҳо асрҳо боз бо ҳам дӯст ҳастанд ва бояд мушкилиҳоро аз роҳи музокирот ҳал кунанд.

Сӯҳбати телефонии ду президент дар ҳоле сурат гирифт, ки шаби 9 ба 10-уми январ миёни сокинони деҳаи Сомониёни Исфара ва Куктоши Бодканд муноқиша сар зад. Ҷонибҳо дар сар задани ҳодиса якдигарро гунаҳкор медонанд.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи сабабҳои сар задани муноқишаи шаби 9 ба 10-уми январ фарзияҳои гуногунро пешниҳод мекунанд.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 10-уми январ бо пахши изҳорот шаҳрвандони Қирғизистонро дар сар задани ҳодиса гунаҳкор кард. Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, ки афроди номаълум ба сӯи шаҳрвандони Қирғизистон тирпарронӣ карда, сипас дар қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.

Ҳарду тараф мегӯянд, феълан вазъ дар марз зери назорат аст. Як гурӯҳи тафтишотӣ аз мақомоти ду кишвар ба гуфтаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, барои муайян кардани сабабу омилҳои қазия ва шахсияти гунаҳкорон, ба фаъолият оғоз карданд.

Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар миёни шаҳрвандони Қирғизистон осебдидаҳо ҳастанд ва шишаҳои мошинҳо шикаста шудаанд. Дар бораи осеб дидани шаҳрвандони Тоҷикистон дар муноқишаи ахир хабари расмие нашр нашудааст.