Эрон бо зарби мушак сарнагун шудани ҳавопаймои украинро рад кард

Мақомоти Эрон хабарҳоро дар бораи он ки ҳавопаймои украинӣ бо зарбаи мушаки Эрон дар наздикии Теҳрон сарнагун карда шудааст, қатъиян инкор карданд.

Алӣ Обидзода, сардори ширкати ҳавопаймоии Эрон, рӯзи 10-уми январ дар як нишасти хабарӣ гуфт: "Як чиз рӯшан аст, ки ин ҳавопаймо бо мушак зада нашудааст."

Обидзода ин суханонро пас аз он изҳор дошт, ки сарварони Иёлоти Муттаҳида, Бритониё ва Канада гуфтанд, маълумоти иктишофӣ нишон медиҳад, ки шабакаи дифои зиддиҳавоии Эрон нохост ҳавопаймои "Boeing 737-800​"-ро зада сарнагун кардааст.

Изҳороти Обидзода пас аз он расид, ки Теҳрон ба муфаттишони украинӣ дастрасӣ ба қисмҳои ҳавопайморо дод ва аз созмони ҳавопаймоии Boeing ва Оҷонси тафтишоти садамаҳои Амрико даъват кард, ки дар таҳқиқи ҳодиса ёрӣ расонанд.

Дар изҳороти дафтари президенти Украина Владимир Зеленский гуфта мешавад, ДНК-и хешовандони украинҳое, ки дар сарнагуншавии ҳавопаймои Боинг 737-800 фавтидаанд, барои муайян кардани ҷасадҳо ҷамъоварӣ мешавад. Дар ин изҳорот ҳамчунин гуфта шудааст: “Ҳанӯз хеле барвақт аст, ки дар пажӯҳиш ҷузъиёти хосеро ошкор кард."

Боинг 737-800-и Украина рӯзи 8-уми январ ҳангоми парвоз аз фурудгоҳи пойтахти Эрон ба садама дучор шуд. Ин ҳавопаймо бо 176 сарнишинаш ба самти Киев парвоз мекард. Ҳамаи мусофирон, аз ҷумла ҳайати экипаж ҷон доданд. Украина рӯзи 9-уми январ мотами миллӣ баргузор кард.