Эрон мавқеъи пештараашро тағйир дода, мегӯяд, ки Идораи тафтиши тасодуфҳо дар ҳаво ва коршиносони байналмилалиро барои таҳқиқи суқути "Боинг"-и украинӣ дар канори Теҳрон даъват кардааст. Рӯзи 8-уми январ бар асари сарнагуншавии ҳавопаймои Боинг 737-800-и ширкати ҳавоии Украина, 176 кас ба ҳалокат расид.
Қарори Эрон субҳи рӯзи ҷумъа, баъд аз он эълон шуд ки мансабдорони ИМА, Канада ва Британия гуфтанд ки ба эҳтимоли зиёд ҳавопаймои украинӣ бо оташи барғалати мушаки эронӣ сарнагун шудааст. Мансабдорони эронӣ ин ибрози назарро рад намуда, аз кишварҳои ғарбӣ даъват карданд, ки ҳар гуна маълумоти иктишофӣ дар ин бораро ба онҳо дастрас намоянд.
Алӣ Обидзода, сарвари мақомоти ҳавонавардии Эрон гуфт, Ҷумҳурии исломӣ ба намояндагони Шӯрои миллии бехатарии нақлиёт, ходимони муассисаи тавлиди ҳавопаймоҳои "Боинг", коршиносон аз Украина, Фаронса ва Канадаро ба тафтиши ҳодиса иҷозат медиҳанд.