Мақомоти Қирғизистон хабар медиҳанд, ки дар ин кишвар дар соли 2019 бештар аз 5 ҳазор ҳодисаи хушунати хонаводагӣ, аз ҷумла хушунати ҷисмонӣ, равонӣ ва ҷинсӣ сабт шудааст.
Дар мавриди бештар аз 580 хушунати сабтшуда тафтишоти қаблӣ шуруъ гардидааст.
Соли 2017 дар Қирғизистон қонун "Дар бораи муҳофизат аз хушунати хонаводагӣ" қабул шуд.
Аз оғози соли 2020 дар он кишвар ду ҳолати фавти одамон сабт шуд, ки дар натиҷаи хушунати хонаводагӣ рух додааст. Дар ноҳияи Кочкори Қирғизистон рӯзи 1 январ як зан дар пайи латту кӯби шавҳараш фавтид. Рӯзи 3 январ дар ноҳияи Бодканд низ як модари 3 фарзанд баъди латту кӯби шавҳараш ба ҳалокат расид.
Рӯзи 4 январ дар шаҳри Қароқули вилояти Иссиқкӯл як мард дар сару рӯи ҳамсараш бензин пошида, ӯро оташ задааст. Зани 33-сола айни ҳол дар бемористон бистарӣ аст.
Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, сарвазири Қирғизистон дар пайи ин ҳодисаҳо даъват кард, ки низоми муҳофизати шаҳрвандон аз хушунати хонаводагӣ такмил шавад.