Украина рӯзи 9-уми январ мотами миллӣ баргузор кард.
Пас аз сарнагун шудани ҳавопаймои украинӣ дар ҷанубу ғарби Теҳрон, ки 176 сарнишину мусофири он кушта шуданд, мақомоти ҳавопаймоии Украина дар ҷустуҷӯи ҷавоб ҳастанд.
Президент Владимир Зеленский як рӯз пас аз ҳодиса ба миллат рӯ овард ва гуфт, давлат омодааст ба оилаҳое, ки хешовандони худро дар фоҷиа гум кардаанд, "ҳама гуна ёрии даркорӣ" расонад. Ӯ огоҳ кард, ки ин фоҷиа “мавзӯе нест барои расонаҳои иҷтимоӣ ва ҳангомаву шӯрандозӣ.”
Боинг 737-800, ки рӯзи 8-уми январ ба Киев парвоз мекард, чанде пас аз парвоз бо 63 канадагӣ, 82 эронӣ, 10 шведӣ, чаҳор афғон, се олмонӣ ва се бритониёӣ, 11 украинӣ, аз ҷумла 9 экипаж дар фурудгоҳи Имом Хумайнии Теҳрон сарозер шуд ва ҳамаи мусофирону сарнишинони он ҷон доданд.
Созмони ҳавопаймоии шаҳрвандии Эрон рӯзи 9-уми январ гуфт, далелҳои аввалини шоҳидони дар замин ва ҳавопаймои гузаштаистода нишон медиҳанд, ки ҳавопаймои украинии PS 752 месӯхт ва пеш аз сарнагунӣ ба самти фурудгоҳ баргаштааст.
Номуайянӣ дар бораи сабаби сарнагунии ҳавопаймо, ки чанд соат пас аз ҳамлаҳои мушакӣ ба нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ рӯй дод, тахминҳоеро ба миён оварда, ки ба ҳавопаймо метавонад ҳамла шуда бошад. Муфаттишони украинӣ, ки 45 нафари онҳо рӯзи 9-уми январ ба Теҳрон рафтанд, гуфтанд, ки онҳо дар ҷустуҷӯи шикастапораҳои ҳавопаймо дар ҷойи сарнагун шуда мебошанд, то сабаб, аз ҷумла эҳтимоли ҳамлаи мушакӣ ё терроризм будани ҳодисаро муайян кунанд.