Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии Конгресси ИМА имрӯз дар масъалаи маҳдуд намудани салоҳияти президент Доналд Трамп дар масъалаи амалиёти низомӣ бар зидди Эрон овоз хоҳад дод.
Маҷлиси Намояндагон, ки зери назорати қонунгузорони демократ аст, аз тафсилоти Қасри Сафед, дар масъали куштори генерали баландпояи эронӣ қонеъ нест. Раиси Маҷлиси Намояндагон, Ненси Пелосӣ, гуфт, овоздиҳӣ 9-уми январ доир хоҳад шуд.Бар пояи он президент Трамп танҳо баъд аз он бар зидди Эрон иқдом хоҳад кард, ки Конгресс бар муқобили Эрон ҷанг эълон кунад ва ё қонунгузорон истифода аз нерӯ дар муқобили ин кишварро дастгирӣ кунанд.
Қонунгузорони Ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳ исрор меварзанд, ки ин ташаббус фақат дар ҳолате ба ҳукми қонун хоҳад даромад, ки онро худи президент имзо гузорад. Додгоҳҳои федеролии ИМА ҳеҷ гоҳ дар ин бора ҳукми мушаххасе содир накардаанд. Бар илова, Ҳизби ҷумҳурихоҳ Сенат -- палатаи болоии порлумонро зери назорат дорад ва ба қавли бисёриҳо, ба эҳтимоли зиёд маҳдуд намудани салоҳиятҳои президентро дастгирӣ намекунад.