Дар таркиши Кветта ду нафар куштаву 16 тан захмӣ шуданд

Осори таркиши Кветта

Дар паи таркиши бомба дар шаҳри покистонии Кветта рӯзи 7 январ ду нафар кушта ва 16 тан маҷрӯҳ шуданд. Раиси полиси вилоятӣ Разззоқ Чимо гуфт, замоне, ки мошине бо низомиён аз роҳ убур мекард, мотосикле, ки дар ҳамон ҷой қарор дошт, таркид. Дар миёни маҷрӯҳон ду ходими амниятӣ низ мебошад. Масъулияти ҳамларо созмони Ҷамоат-ул-Аҳрор ба дӯш гирифт, ки як гурӯҳи марбут ба Толибони Покистон мебошад. Кветта маркази маъмурии вилояти Балуҷистон аст, ки дар марз бо Афғонистон ҷойгир мебошад. Шурӯъ аз соли 2004 ин минтақа бо хушунатҳои гурӯҳӣ, ҳамлаҳои ҷангиён ва ҷудоиталабон дастбагиребон аст.