Нависандаи покистонӣ: романи маъруфамро амниятиҳо мусодира карданд

Нависандаи маъруфи покистонӣ ва як шореҳи нашрияи New York Times гуфт, ки эҳтимолан маъмурони амниятӣ дафтари намояндагии ин нашрия дар Карочиро тафтиш карда тамоми нусхаҳои асари ӯ дар бораи собиқ диктатори низомӣ Зиё-ул-Ҳақро мусодира карданд. Нависанда Муҳаммад Ҳаниф дар Твиттери худ рӯзи 6 январ навишт, ки рейди мазкур аз ҷониби афроде анҷом шуд, ки корманди “Оҷонсии иттилооти Покистон буданд”. Ҳаниф гуфт, ки онҳо ӯро дар бораи китобаш пурсиданд ва ҳама нусхаҳоро бо ҳам бурданд. Нависанда гуфт, ки бо кӯмаки ҳуқуқшиносаш ба полис шикоят хоҳад кард. Вале сухангӯи оҷонсии иттиллоот иддаои нависандаро ботил хонд ва гуфт, ки ӯ аз ин роҳ мехоҳад барои худ “обрӯ бигирад”. Романи маъруфи Ҳаниф бо номи “Қазияи таркиши манго” тақлид ба Зиё-ул-Ҳақ – собиқ диктатори низомии Покистон аст, ки дар паи як табаддулоти низомии соли 1977 қудратро ба даст гирифт ва дар соли 1988 дар як сонеҳаи ҳавопаймо кушта шуд. Мақомот ҳеҷ вақт натиҷаҳои ин таҳқиқотро ошкор накарданд ва ҳам нагуфтанд, ки сабаби сонеҳа чӣ буд. Дар он ҳодиса ҳамчунин сафири ИМА Арнолд Рафел ва раҳбари оҷонсии истихборот Ахтар Абдураҳмон кушта шуданд. Романи ӯ бори аввал соли 2008 ба забони англисӣ нашр шуд ва октябри соли 2019 нусхаи урдузабони ин асар ҳам рӯи чопро дид.