Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ, мақомоти давлатӣ ва ҳам қонунгузорон гуфтанд, ки даҳҳо гузориш дарёфт кардаанд, ки шахсони дорои шаҳрвандии Эрон ва ҳам Эрону Амрико баъди бозгашташон ба ИМА ва Канада дар рӯзҳои истироҳати гузашта соатҳо дар фурудгоҳҳо манъ шуда мавриди бозпурсӣ қарор гирифтанд. Дафтари намояндагии Шӯрои умури равобити амрикоиву исломӣ дар шаҳри Вашингтон гуфт, ки беш аз 60 эронӣ ва эрониву амрикоии синну соли гуногун дар хатти марзи Вашингтону Канада давоми то 10 соат ва аз он бештар боздошту бозпурсӣ шудаанд. Мақомот аз онҳо дар бораи мавқеи сиёсиашон суолҳо дода, бору бағоҷ ва телефонҳои мобилашонро тафтиш кардаанд. Дар миёни онҳо бисёриҳо онҳое буданд, ки аз консерт бармегаштанд, дигарҳо барои истироҳат ва дидани оилаҳояшон рафта буданд, онҳое ҳам буданд, ки бо ҳадафи кор сафар мекарданд. Созмони дигари ҳомии ҳуқуқ – Шӯрои миллии эрониву амрикоӣ гуфт, ки вазъиятро назорат мекунад ва аллакай ба унвонии вазорати умури дохилии ИМА шикояти расмӣ фиристодааст. Ин хабарҳо дар ҳоле мерасад, ки баъди куштори генерал Қосим Сулаймонӣ, ки раҳбари нирӯҳои Қудс буд, равобити миёни ИМА ва Эрон пуртаниш шудааст. Сулаймонӣ 3 январ дар як ҳамлаи ҳавоии амрикоиҳо дар фурудгоҳи байналмилалии Бағдод кушта шуд.