Садамаи Тюмен: Ронанда боздошт шуд, зани тоҷик беморхонаро тарк кард

Муҳоҷирони тоҷик баъди садама ба беморхонаи рақами вилоятии рақами сеи шаҳри Тоболск интиқол ёфтанд

Ронандаи мусофирбаре, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Хуҷанд ба Сургут интиқол медод ва рӯзи 6-уми январ дар ҳудуди вилояти Тюмени Русия боис ба садама шуд, боздошт гардид.

Хабаргузориҳои расмии Русия рӯзи 7-уми январ аз қавли полис навиштанд, ки ронанда бар асоси моддаи "вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва беш аз ин нафар шуд", боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

Дар ин ҳодиса ҳафт мусофири автобус осеб дида, ду савори мошини борбаре, ки ба автобус бархӯрдааст, ба ҳалокат расиданд. Зоҳиран онҳо шаҳрвандони Русия мебошанд.

Ронанда, ки аз ӯ ном бурда намешавад, 34 сол дошта назар ба шаҳодати мусофирони осебдидаи автобуси мусофирбар, Акмал ном дорад.

Рӯзи 7-уми январ инчунин як зани тоҷик, ки дар садамаи дирӯза осеби шадид дид, аз беморхонаи рақами сеи вилоятии шаҳри Тоболск озод гардид. Табиби тоҷики корманди ин беморхона Ҷумъахон Раҳмонов субҳи сешанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, Очаннисо Зокироваи 36-сола, як сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳамроҳ бо духтари дусолааш озод шуд.

Барои бурдани ӯ ба беморхона бародараш аз шаҳри Сургут, ки дар фосилаи беш аз 500 километр воқеъ аст, омада буд. Табиби тоҷик гуфт, ҳолати ин зан “хеле беҳтар шудааст ва табибон иҷоза доданд, ки биравад ва дар макони зисташ муолиҷаро идома диҳад”.

«Мусофирони дигари осебдидаи тоҷик аз беморхона озод шуданд», -- гуфтанд масъулини беморхона ба матуботи русӣ.

Русия кишвари асосии муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст ва солона садҳо ҳазор нафар бинобар набуди ҷойи кор дар ватан ба он кишвар мераванд. Азбаски сафар бо автобус ба Русия дар муқоиса бо ҳавопаймо ва қатор арзон аст, бисёре аз муҳоҷирон бо автобус худро ба Русия мерасонанд.

Соли 2018 дар Русия беш аз 900 шаҳрванди Тоҷикистон бо сабабҳои мухталиф, аз ҷумла, дар садамаҳои нақлиётӣ ҳалок шудаанд.