Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини аввали ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна Элис Уэллс рӯзи 7-уми январ дар Душанбе дидор ва гуфтугӯ карданд. Ин диломати баландпояи амрикоӣ бо сафари дурӯза дар Тоҷикистон қарор дорад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар ин мулоқот ҷонибҳо "ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америкаро мавриди муҳокима қарор дода, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла дар соҳаи амният табодули назар карданд".
Тибқи иттилои манбаъ, зимни баррасии мавзӯи амнияти минтақа, тарафҳо ба масъалаи таҳкими ҳифзи марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, мубориза бо терроризм, тундгаронӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид кардаанд.
Элис Уэллс, муовини аввали ёвари вазири умури хориҷии Амрико, ки бо сафари дурӯза дар Тоҷикистон қарор дорад, интизор меравад имрӯз бо мақомоти дигари тоҷик низ мулоқоту гуфтугӯ кунад. Хонум Уэллс рӯзи 6-уми январ вориди Тоҷикистон шуд.
Тибқи иттилои сафорати Амрико дар Тоҷикистон, хонум Уэллс дар чаҳорчӯбаи сафари худ рӯзи душанбеи 6-уми январ дар шаҳри Бохтар бо толибилмоне, ки бо дастгирии сафорат забони англисӣ меомӯзанд, мулоқот кард.
Хонум Уэллс ҳамчунин бо намояндагони Палати савдои Амрико дар Душанбе мулоқот намуда, роҳҳои ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба Тоҷикистонро баррасӣ намудааст.
Дар остонаи сафари Элис Уэллс ба Душанбе, як эътилофи мухолифони давлати Тоҷикистон аз дипломати баландпояи амрикоӣ хост, ҳангоми мулоқоташ бо мақомоти кишвар масоили мурооти ҳуқуқи инсон ва раҳоии дигарандешонро дар миён гузорад.
Паймони Миллии Тоҷикистон, эътилофи иборат аз чанд созмони мухолифи хориҷ аз кишвар рӯзи 6-уми январ бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, аз Элис Уеллс – ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ мехоҳад, то масъалаи озодии фаврии чаҳор сиёсатмадор ва дигарандешро ба мақомоти Тоҷикистон гӯшзад кунад.
Дар ин баёния, ки дар паймон рӯзи 6-уми январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, омадааст: “Мо аз шумо даъват мекунем, ба ҳукуматдорони Тоҷикистон, муроҷиати Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милалиро дар бораи раҳоии фаврии Маҳмадалӣ Ҳаит, Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров ва Маҳмадрӯзӣ Искандаровро... ёдрас кунед.”
Элис Уелс рӯзҳои 6 ва 7-уми январ дар Тоҷикистон аст ва ба гуфтаи вазорати умури хориҷии Амрико бо мақомоти тоҷик "тақвияти ҳамкориҳо барои тақвияти амният дар минтақа, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ" ва дигар масоилро баррасӣ мекунад.