Сухангӯи Вазорати умури дохилӣ мақоми нав гирифт

Умарҷони Эмомалӣ аз мақоми раҳбари Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барканор ва дар вазифаи баландтаре таъйин шудааст. Умарҷони Эмомалӣ аз камтарин сухангӯёни ниҳодҳои давлатӣ буд, ки ба хабарнигорон ҳамвора дастрас ва дар робита ба ҳодисаҳо шарҳу иттилоъ медод.

Рӯзи 6-уми январ дар вазорат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки барканории Умарҷони Эмомалӣ бо фармони Вазири корҳои дохилӣ сурат гирифта, ба ҷои ӯ Нусратулло Маҳмадзода таъйин шудааст. Ба иттилои манбаъ, Маҳмадзода, таҷрибаи кор дар ВКД-ро дорад ва барномаи "Ахбори ВКД"-ро дар шабакаҳои теливизони давлатӣ пеш мебурд.

Манбаъ афзуд, Умарҷони Эмомалӣ, муовини роҳбари дастгоҳи Вазорати умури дохилӣ таъйин шудааст. Умарҷони Эмомалӣ соли 2016 бо фармони вазири корҳои дохилӣ, раиси дафтари матбуоти ВКД таъйин шуд. Ӯ аз соли 1999 то кунун дар зинаҳои гуногуни вазорат фаъолият карда, полковники корҳои дохилӣ мебошад.