Трамп таҳдид кард, ки зидди Ироқ таҳримҳои сахт ҷорӣ мекунад

Баъди 17 рӯзи будубош дар Флорида, президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 5 -уми январ ба Вашингтон баргашт ва акнун бо паёмадҳои фармонаш дар бораи куштори генерали нерӯманди эронӣ сару кор хоҳад дошт.

Тибқи изҳороти хабарнигорони мустақар дар Қасри Сафед, Трамп таҳдид кардааст ки бар зидди Ироқ таҳрим ҷорӣ хоҳад кард. Бар илова, ӯ бори дигар ҳушдор додааст, ки мавзеъҳои фарҳангии Эронро бомбаборон хоҳад кард. Ӯ ҳамчунон ҳушдор додааст, ки агар Эрон талош кунад интиқоми куштори генерал Қосим Сулаймониро бигирад, бо посухи ҷиддӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Дар ҷавоб ба суол дар бораи дархости порлумони Ироқ дар бораи беруншавии сарбозони амрикоӣ Трамп гуфт, "мо барои сохтмони пойгоҳи ҳавоӣ дар Ироқ пули зиёд сарф кардем. Мо баъд аз он хоҳем рафт, ки онҳо пули моро пардозанд".

Ҳафтаи гузашта, баъди куштори генерал Сулаймонӣ дар фурудгоҳи Бағдод, порлумони Ироқ беруншавии сарбозони амрикоӣ аз ин кишварро талаб кард. Дар ҳамин ҳол, котиби давлатии ИМА Майк Помпео мегӯяд, агар Эрон дар пайи интиқоми куштори генрел Қосим Сулаймонӣ шавад, шумори бештари раҳбарони эронӣ ҳадафи ҳамлаҳо қарор хоҳанд гирифт.