Тоҷикистону Афғонистон созиш дар бораи сохтмони роҳи оҳан миёни ду кишварро имзо кардаанд. Сухангӯи Вазорати нақлиёти Афғонистон рӯзи 5-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси ин мувофиқатнома, қарор аст, Афғонистон аз тариқи хатти оҳани ноҳияи Ҷалолуддин Балхӣ аз Бандари Шерхон ба минтақаи Панҷи Поёни Тоҷикистон пайвандад.
Ӯ гуфт, “мо ба воситаи ин хат бо Осиёи Миёна васл мешавем. Аз нигоҳ иқтисодӣ ба Афғонистон аҳамиёти зиёд дорад.”
Бино ба ин созишнома, бояд таҳқиқи фаннӣ ва иқтисодии сохтмони роҳи оҳан, сохтмони пуле бар фарози дарёи Ому, гузаргоҳи марзӣ ва истгоҳи роҳи оҳани Бандари Шерхон анҷом бишавад.