Узбекистон минаҳои коридаашро дар марз бо Тоҷикистон барчидааст

Акс аз бойгонист

Мақомоти Узбекистон марз бо Тоҷикистонро аз минаҳо пок кардаанд. Дар ин бора хабаргузории "Азия-Плюс" рӯзи 3-юми январ бо такя ба як манбааш дар бахши қудратии ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дод.

Манбаъ гуфтааст, Узбекистон кумаки мутахассисони тоҷикро напазируфт ва бо нирӯву воситаҳояш марзро аз мина тоза кард.

Созиш дар бораи поккории марзи Тоҷикистону Узбекистон аз минаҳо соли 2018 ба даст омада буд.

Узбекистон охири солҳои 1990-ум бо нигаронӣ аз хавфи гузаштани ҷангҷӯёни Ҳаракати Исломии Узбекистон марз бо Тоҷикистонро минакорӣ карда буд. Вале мақомот мегӯянд, беш аз 80 нафаре, ки аз мина кушта шуданд, афроди мулкӣ ва сокинони маҳаллӣ буданд.