Трамп: "Амрико барои ҷилавгирӣ аз ҷанг Сулаймониро кушт". ВИДЕО

Доналд Трамп, президенти Амрико гуфт, ки фармони куштани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони Эронро ба хотири ҳимоя аз манфиати ИМА ва мардуми он додааст.

Доналд Трамп, шоми рӯзи 3-уми январ дар суханроние дар аёлати Флорида гуфт, ки амалиёти куштани Қосим Сулаймонӣ зери раҳабрии ӯ анҷом ёфт.

Ӯ Қосим Сулаймониро террорист номид.

Ба гуфтаи ӯ, Сулаймонӣ тарҳи барномаи ҳамла ба дипломатҳо ва низомиёни Амрикоиро тартиб медод ва дар ҳоле, ки дар пайи анҷоми ин фаъолиятҳо буд, кушта шуд.

“Сулаймонӣ аз 20 сол ба ин сӯ, барои бесуботии Ховари Миёна фаъолиятҳои террористӣ анҷом медод. Иқдоме, ки Амрико анҷом дод, бояд хеле пеш анҷом медод, то зиндагии мардум наҷот меёфт”,--гуфт Доналд Трамп.

Ба гуфтаи ӯ, Сулаймонӣ дар ин авохир раҳбари саркубии тазоҳурот дар Эронро низ бар душ дошт.

“Мо дирӯз ин иқдомро ба хотири ҷилавгирӣ аз ҷанг анҷом додем. Мо ин корро накардем, то ҷангро оғоз кунем”,--гуфт ӯ.

Видео дар бораи Қосим Сулаймонӣ ва паёмадҳои эҳтимолии марги ӯ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қосим Сулаймонӣ кӣ буд ва маргаш чӣ паёмадҳое хоҳад дошт?

Генерал Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пурқудрати Нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони Эрон субҳи 3-юми январ дар ҳамлае дар наздикии фурудгоҳи Бағдод, пойтахти Ироқ, кушта шуд. Дар ин ҳамла Абу Маҳдӣ Ал-Муҳандис, муовини раҳбари "Ҳашд Аш-Шаъбӣ", гурӯҳи ниманизомиёни шиаи тарафдори Эрон дар Ироқ низ ба ҳалокат расидааст. Қосим Сулаймонӣ аз қудратмандтарин шахсиятҳои низомӣ ва сиёсӣ дар Эрон ба шумор мерафт ва масъулияти фаъолиятҳои низомии он кишвар дар минтақаро ба ӯҳда дошт.

Мақомоти Эрон бо таъкид изҳорот доданд, ки интиқом мегиранд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон рӯзи 3-уми январ дар як сӯҳбати телевизионӣ гуфт, ки Амрико бо куштани Сулаймонӣ “иштибоҳи бузурге кард.”

Ӯ гуфт, ки "посухи ин хатоҳо хориҷ аз ихтиёри ҷумҳурии исломии Эрон аст".

Қосим Сулаймонӣ, ки 62 сол дошт, дар ҷумҳурии исломии Эрон пас Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии кишвар дуюмин фарди қудратманд буд.