Дар Тоҷикистон бонки нави "Алиф" таъсис ёфт

Абдулло Қурбонов, раиси "Алиф Бонк"

Дар Тоҷикистон бонки нави "Алиф Бонк" таъсис ёфт. То кунун ин ширкат ба ҳайси ташкилоти амонативу қарзии хурди "Алиф Сармоя" фаъолият дошт ва дар бозори бонкии Тоҷикистон чанд навгонӣ ворид кард. Аз ҷумла, хариди молу ашёи рӯзгор аз дӯконҳову фурӯшгоҳҳоро ба таври насия ва бе пардохти баҳра ба роҳ монда буд.

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 3-юми январ ба "Алиф Бонк" барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозат дод. Раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ба раиси “Алиф Бонк” Абдулло Қурбонов барои васеъ кардани шабакаи фаъолият, аз ҷумла кушодани воҳидҳои сохторӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва афзоиши қарздиҳӣ дастур додааст.

Ин дар ҳолест, ки низоми бонкии Тоҷикистон дар панҷ соли ахир гирифтори буҳрони ҷиддӣ шудааст. Ду бонки калонтарини кишвар "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" то ҳол наметавонанд маблағи мизоҷонро пурра баргардонанд.

Бонкҳои "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" муфлис эълон карда шуданд ва садҳо муштарии онҳо ҳанӯз пулҳои ба амонат гузоштаи худро бозпас гирифта наметавонанд.

Мақомоти Бонки миллӣ мегӯянд, ки низоми бонкӣ аз буҳрон берун омадааст.

Бо таъсиси "Алиф Бонк" шумораи бонкҳои кишвар ба 17 расид.