Вокунишҳои мухталифи раҳбарони демократҳову ҷумҳурихоҳҳо ба куштори Сулаймонӣ

Элиот Энҷел - раҳбари демократи Кумитаи умури хориҷии Маҷлиси намояндагон гуфт, ки ҳамла дар Бағдод “бидуни огаҳӣ ваё машварат бо Конгресс амалӣ шуд”

Як узви баландпояи ҳизби демократи Амрико гуфт, қонунгузорони ин кишвар дар бораи ҳамлаи Иёлоти Муттаҳида, ки боиси куштори фармондеҳи баландпояи низомии эронӣ ба ҳангоми сафар ба Ироқ шудааст, аз пеш огоҳонида нашуданд. Айни замон, қонунгузорони ҷумҳурихоҳ хабари куштори фармондеҳи нирӯҳои Қудс Қосим Сулаймониро ҳамчун зарба ба хотири дифоъ аз амрикоиҳову қаламрави ИМА истиқбол карданд. Элиот Энҷел - раҳбари демократи Кумитаи умури хориҷии Маҷлиси намояндагон шоми 2 январ гуфт, ки ҳамла дар Бағдод алайҳи Сулаймонӣ “бидуни огаҳӣ ваё машварат бо Конгресс амалӣ шуд”. Энҷел афзуд, ки раҳбари нирӯҳои Қудс Қосим Сулаймонӣ “муаллифи хушунатҳои сангин” буд ва “хуни амрикоиҳо дар дасти ӯст”. Вале “анҷоми амалҳое ба ин андоза ҷиддӣ бидуни дахолати Конгресс масоили зиёди ҳуқуқӣ эҷод мекунад ва салоҳиятҳои Конгрессро, ки як шохаи давлат аст, ба чолиш мекашад”. Ёвари раҳбари аршади демократҳо Чак Шуммер гуфт, ӯ “огаҳии пешакӣ дарёфт накарда буд”.

Вале раҳбари калони ҷумҳурихоҳҳо дар маҷлис Кевин МакКартӣ бо пахши изҳороте гуфт, “ба хотири намоиши қотеият ва нирӯ мо раҳбари онҳоеро зарба задем, ки ба қаламравҳои мустақили ИМА ҳамла кардаанд”. Дигар ҷумҳурихоҳҳо ҳам бо айни чунин вокуниш изҳорот пахш карданд.

Аз рӯи суннатҳои доимии Кохи Сафед пеш аз анҷоми ҳама гуна амалиёти азими низомӣ мақомот раҳбарони аршади ҳизбҳои сиёсӣ дар Сенат ва Маҷлиси намояндагонро огоҳ мекунанд.