Баъди он ки президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, Эрон дар ташкили эътирозҳои зиддиамрикоӣ дар Ироқ гунаҳкор аст, раҳбарони низомии Ҷумҳурии Исломӣ ба Вашингтон ҳушдор доданд.
Генерал Ҳусейн Саломӣ, раҳбари Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, рӯзи 2-юми январ гуфт, "мо кишварро ба ҷанг ҳидоят намекунем, вале аз ҳеч ҷанге намеҳаросем. Ба Амрико мегӯем, ки бо мардуми Эрон дуруст суҳбат кунад."
Бо айни чунин таҳдид мақомоти дигари интизомии Эрон ҳам изҳорот пахш карданд.
Рӯзи 31-уми декабр як издиҳоми хашмолуд аз ҳамлаҳои ҳавоии Амрико болои ҷангиёни мавриди пуштибонии Эрон ба сафорати Амрико дар Бағдод юриш карданд. Рӯзи 1-уми январ ҳам низоъҳо идома кард.
Мардум сангандозӣ мекарду нирӯҳои амрикоии ҳомии сафорат бо гази ашковар талош доштанд издиҳомро, ки шабонгоҳ дар назди сафорат хайма зада буд, пароканда кунанд.