Се корманди IRS зери тарма монданд

Cе корманди ширкати IRS зери тарма монданд. Ин ширкати масъули нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ мегӯяд, ки ҳодиса қабл аз зӯҳри 2-юми январ дар километри 63-юми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ рух додааст. Ба гуфтаи манбаъ, ҳамаи ин кормандон аз зери тарма берун оварда шуданд ва вазъи саломатиашон хуб аст.

Масъулони ин ширкат субҳи имрӯз гуфтанд, ки шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ки пойтахтро ба шимоли кишвар мепайвандад, бар асари фаромадани тарма муваққатан баста шудааст. Айни ҳол ҳаракати ҳамагуна нақлиёт дар ин масир манъ мебошад.

Далери Абдуллоҳ, сухангӯи ширкати IRS рӯзи 2-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо сабаби фаромадани тармаҳои калон ҳаракати ҳама намуд нақлиёт тариқи роҳи Душанбе-Чаноқ муваққатан манъ шудааст. Маълум нест, ки роҳ кай боз мешавад.

Ба гуфтаи Далери Абдуллоҳ, кормандони ширкат дар километри 55-уми ин шоҳроҳ мусофирон ва ронандаи мошинеро, ки зери тарма монда буд, наҷот доданд. "Ин аввалин тармафароӣ дар мавсими имсола маҳсуб шуда, дар ин вақти сол ғайриинтизор низ ҳаст",-афзуд вай. Далери Абдуллоҳ паҳнои тармаро 6 метр ва баландии онро беш аз 20 метр гуфт.

Ба гуфтаи сухангӯи ширкати IRS, дар километри 62-юми ин шоҳроҳ низ мусофирон ба чунин мушкил рӯбарӯ шудаанд. Ин ширкат ҳамзамон аз сокинон хостааст, ки ҳангоми сафар аз эҳтиёт кор бигиранд ва талаботро риоя кунанд.