Порлумони Қазоқистон рӯзи 26-уми декабр тағйирот ба қонуни конститутсионии он кишварро дар бораи Маркази байналхалқии молии "Остона" (МБМО) тасдиқ кард. Дар ин тағйирот барномаи иқомати молие пешбинӣ шудааст, ки ба сармоягузорон имкон медиҳад, визаи чанддафъаинаи Қазоқистонро соҳиб шаванд.
Дар қонун омадааст, ки сармоягузори хориҷӣ бояд ба Маркази байналхалқии молии Остона ҳозир шавад ва талаботи қонунии Қазоқистонро ба иҷро расонад. Сармоягузори хориҷӣ ҳамчунин вазифадор аст, ки барои дарёфти визаи чанддафъаина на камтар аз 60 ҳазор доллар сармоягузорӣ кунад.
Баъди ҳузури 90-рӯзӣ дар Қазоқистон ва пардохтҳои ҳатмии солона сармоягузор ҳаққи озод шудан аз пардохти андози инфиродӣ аз даромадро пайдо мекунад.
Алихон Смаилов, вазири молияи Қазоқистон гуфт, ҳадафи асосии ин тағйирот "ҷалби сармоя" аст ва дар иваз сармоягузорон ва аъзои оилаашон визаи чанддафъаинаи Қазоқистонро дастрас мекунанд.
Созмонҳои молии ҷаҳонӣ Қазоқистонро дар шумори кишварҳое ҷо додаанд, ки низоми содаи ба роҳ мондани тиҷорат ва сабти номи ширкати навро доранд. Аммо мушкилу монеаҳо баъдтар - ҳангоми сохтани бинои ширкат ва пардохти андозҳо рӯ мезананд.