Дар Узбекистон 351 тонна гаҷи сохтмониро дар шикастабандӣ истифода кардаанд

Давоми ду соли охир дар Узбекистон табибон дар маҷмӯъ 351 тонна гаҷи сохтмониро ҳамчун гаҷи тиббӣ истифода кардаанд.

Аз ин миқдор 30 тона дар Фарғона, 33 тона дар Бухоро, 35 тона дар вилояти Тошканд, 36 тона дар Намангон, 38 тона дар вилояти Қашқадарё, 43 тона дар Самарқанд ва 48 тона дар шаҳри Тошканд истифода шудааст.

Ин иттилоъ дар як ҷаласаи байниидоравии ҳукумати Узбекистон садо дод.

Истифодаи гаҷи сохтмонӣ барои бастани устухонҳои шикаста ба саломатӣ зиён дорад ва ҳассосияти пӯстро ба бор меорад.

Мақомдорони Узбекистон гуфтанд, ки дар ин кишвар гаҷи тиббӣ истеҳсол намешавад ва ба ин далел, табибон маҷбур буданд, ки аз гаҷи сохтмонӣ истифода кунанд.