Субҳи 26 декабр дар паи як таркиши пурқудрати мошини бомбгузоришуда дар як муассисаи низомии вилояти Балхи Афғонистон дасти кам шаш сарбози артиши ин кишвар кушта шуда. Вазорати дифои Афғонистон бо пахши изҳороте гуфт, ки баъди таркиши мошин гурӯҳи ҷангҷӯён ба сохтмон ҳуҷум карданд. Ин ҳодисаро вазорат “ҳамлаи террористӣ” унвон кардааст. Дар ин ҳодиса инчунин се сарбоз маҷрӯҳ шудааст. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст, вале вазорат ва ҳам мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки ин кори Толибон аст. Мунир Фарҳод, сухангӯи волии Балх гуфт, ки задухӯрдҳо дар дохили муассисаи низомӣ чанд соат давом кард ва баъди ин ҳамлагарон ақибнишинӣ карданд. Ҳодисаи ахир ду рӯз баъди он рух дод, ки Толибон дар ноҳияи Давлатободи Балх ба як дидбонгоҳ ҳамла карда, ҳафт нафарро ба қатл расониданд. Дар ин ҳодиса инчунин шаш узви нирӯҳои амниятӣ ҷароҳат бардоштанд. Бо вуҷуди ин ки ИМА музокироти сулҳ бо Толибонро идома медиҳад, ҳамлаҳои ин гурӯҳи шӯришӣ кам намешавад.