Ширкатҳои давлатии гази Русия ва Украина қарор аст рӯзи 26 декабр дар Вена барои натиҷагирии кори долони транзитии газ дар созишномаи нав ҷаласа барпо кунанд. Мақомоти ширкатҳои русии “Газпром” ва украинии “Нафтогаз” дар фикри нав кардани созиши 10 сол пеш имзошуда ҳастанд. Мӯҳлати ин созиш 1 январ ба анҷом мерасад ва ҷои онро созишномаи панҷсолаи дигаре мегирад, ки таъмини гази табиии русӣ дар мавсими зимистон ба Аврупо тавассути Украинаро дар назар мегирад. Юрий Витренко, раиси иҷроияи ширкати “Нафтогаз” дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт, “мо “кори хонагӣ”-и худро аллакай тамом кардем: тарҳи шартномаҳо барои имзои тарафҳо омода шудааст”.
Вазири энержии Русия Александр Новак рӯзи 25 декабр ба матбуоти русӣ гуфт, ки интизор дорад созишномаи транзити газ дар охири ҳафтаи ҷорӣ натиҷагирӣ мешавад. Ҳамкориҳо дар бахши энержӣ як ҷузве аз ихтилофҳои геополитикӣ бо Русия шудааст. Баъди ишғоли нимҷазираи Қрим аз ҷониби Русия дар соли 2014 ва пуштибониаш аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина, Русия инчунин барои нақши эҳтимолиаш дар пешбурди ҷангҳои интернетӣ, таблиғот, поймолкунии ҳуқуқи инсон дар сатҳи байналмилалӣ ва дигар қазияҳо муттаҳам мешавад.