Сар аз 1-уми сентябри соли оянда музди меҳнати кормандони будҷавӣ, нафақа ва идрорпулӣ дар Тоҷикистон 15 дарсад афзоиш меёбад. Дар ин бора рӯзи 26-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба порлумон хабар дод.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, маоши кормандони мақомоти интизомӣ низ 10 дарсад боло бурда мешавад. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, кӯмакпулии маъюбони синашон аз 18-сола поин, ки ба нигоҳубини дигарон эҳтиёҷ доранд, то 50 дарсад боло хоҳад рафт.
Бори ахир ҳаҷми маош дар Тоҷикистон соли 2018 зиёд шуда буд. Он замон низ ҳукумат маоши кормандони идораҳои будҷавӣ, нафақа ва стипендияро 15 дарсад зиёд карда буд.
Музди миёнаи маош дар Тоҷикистон, бино ба иттилои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ эълон кард, 1169 сомониро ташкил мекунад. Маоши ҳадди ақал 400 сомонӣ мебошад. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, андозаи миёнаи нафақа 303 сомонӣ аст.