Охирин офтобгирифтагӣ ё гирифтани пурраи хуршед дар соли 2019, имрӯз дар бахшҳое аз замин мушоҳида мешавад. Қабл аз зӯҳри имрӯз, 26-уми декбар, сокинони Тоҷикистон гирифтани пурраи офтобро метавонанд назорат кунанд.
Ба гуфтаи Гулчеҳра Қоҳирова, мудири Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, хуршедгирифтагӣ соати ҳашту 34-дақиқаи 26-уми декабр шурӯъ шуда, то соати 13 идома хоҳад дошт. Гирифти комили офтоб аз сӯи моҳтоб, соати даҳу 13-дақиқа сурат хоҳад гирифт.
Гузоришҳои пешбинишуда аз қабл гуфта буданд, ки ин хуршедгирифтагӣ аз шарқи Арабистони Саудӣ оғоз мешавад ва бо гузаштан аз кишварҳои Қатар, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Уммон, вориди Уқёнуси Ҳинд мешавад. Гузоришҳо мерасонад, ки ин сояи ин рӯйдоди фалакӣ кишварҳои Ҷануб-Шарқи Осиё ва қисматҳое аз Осиёи Марказиро дар тулӯи субҳи панҷшанбеи 26-уми декабр зери пӯшиши худ қарор хоҳад дод.
Ҳамасола сокинони сайёра то 5 маротиба гирифти офтобро мушоҳида мекунанд, ки танҳо дутои он ба шакли пурра сурат мегирад. Ҳавошиносон мегӯянд, ки гирифти имрӯзи хуршедро сокинон метавонанд ба роҳатӣ назорат кунанд, зеро имрӯз ҳаво дар бештаре аз қаламрави Тоҷикистон беабр аст.
Ҳарчанд бархе аз сокинон вуқӯи чунин ҳодисаи табииро фоли баде меҳисобанд, аммо пизишкон иддао доранд, ки гирифти пурраи хуршед ба саломатии инсон ҳеҷ зараре надорад ва тӯли солҳои гузашта баъд аз сурат гирифтани ин ҳодиса касе ба духтурҳо муроҷиате накардааст. Аз сӯе, ба гуфтаи мутахассисон, нигоҳи мустақим ба хуршедгирифтагӣ метавонад ба андозае ба чашм осеб бизанад.