Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ваъдаҳояш дар интихоботро иҷро кардааст

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ваъдаҳои додааш дар интихоботи президентии соли 2013-ро иҷро кардааст. Оқои Раҳмон рӯзи 26-уми декабр зимни ироаи паёми солонааш ба порлумон гуфт, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ давоми 7 соли ахир аз 45 миллиард ба 78 миллиард сомонӣ расидааст. Инчунин ба гуфтаи президент, дар ин давра ҳаҷми будҷа ва даромади пулии аҳолӣ дар давоми давраи роҳбарии ахири ӯ ду баробар зиёд шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, сатҳи камбизоатӣ низ аз соли 2013 то 25 дарсад кам шуда, дарозумрии сокинон то 75 сол боло рафт. Эмомалӣ Раҳмон бо зикри ин рақамҳо гуфт, "нишондиҳандаи номзад ба президентии кишвар дар маҷмӯъ иҷро гардиданд"

Президент барои қиёси роҳбарии ахири худ асосан ба паҳлӯҳои иқтисодӣ такя кард ва дар бораи тағйиротҳои сиёсӣ дар давраи роҳбарии ахири худ чизе нагуфт. Оқои Раҳмон аз соли 1992 роҳбарии кишварро дар даст дорад.

Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 аз нав президенти Тоҷикистон интихоб шуд. Дар интихоботи соли 2013, ки дар он номзади мухолифон Ойниҳол Бобоназарова роҳ наёфт, асосан номзадҳои рӯ ба ҳукумат иштирок карда буданд.

Бо вуҷуди онки Эмомалӣ Раҳмон дар назди вакилон давраи роҳбарии худро муваффақомез хонд, аммо мунтақидони ҳукумат мегӯянд, мушкилоти иҷтимоии мардум дар ин давра зиёд шуд. Афзоиши муҳоҷирати аҳолӣ ба хориҷро мунтақидон аз омилҳои номуваффақи кори ҳукумат дар солҳои ахир медонад.