Гуруснашинии наздики 20 тан аз боздоштшудаҳо дар Қазоқистон

Наздики 20 тан аз боздоштшудаҳои гирдиҳамоиҳои рӯзи 16-уми декабри шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи севум аст, ки бо нишони эътироз аз ҳабси маъмуриашон гуруснашинӣ эълом кардаанд.

Ба гуфтаи Жанар Балгабоев, вакили мудофеи ду тан аз боздоштшудаҳо, бо эълони гуруснанишинӣ талаби озодии фавриро доранд. Онҳо гуфтаанд, то замони "озод шудан гуруснашиниро давом медиҳанд".

Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи ҷумъаи 20-уми декабр парвандаи боздоштшудаҳои гирдиҳамоиҳои рӯзи 16-уми декабрро баррасӣ ва бештар аз 20 танро то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ кард.

Эътирозҳои рӯзи 16-уми декабр ҳамчунин бо 33-юмин солгарди ҳамоишҳои зиддишӯравӣ дар пойтахти собиқи Қазоқистон - шаҳри Алмато -- ва ҳаштсолагии саркӯби хунини тазоҳуроти кормандони ширкатҳои нафтии шаҳри Жанаозен рост омад.

Ҳангоми намоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон даҳҳо нафар, аз ҷумла журналистон ва фаъолони сиёсиву маданиро дастгир карданд. Намоишҳо бо талаби озодиҳои бештари сиёсӣ ва раҳоии зиндониёни сиёсӣ рӯзи 16-уми декабр баргузор гардид.