Дар Русия рӯзи 23 декабр тамрини "амнияти киберӣ дар Интернет" баргузор шуд. Фаъолони мадании рус ин иқдоми мақомотро яке аз воситаҳои эҳтимолии пурзӯр шудани сензура дар ин кишвар номиданд.
Қонуни ба истилоҳ, интернети ягона, ки аз сӯи президенти Русия Владимир Путин имзо шудааст, аз ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет насби дастгоҳи махсусро талаб мекунад. Вазифаи он пешниҳоди маълумот ба нуқтаи назоратии давлатӣ аст.
Қонун ҳамчунин муқаррароти таъсиси системаи номҳои домени дохилии Русияро дар бар мегирад. Ҷонибдорони қонун мегӯянд, он Рунетро мустақилтар месозад. Ба гуфтаи онҳо, қонун ба ҳимояти Русия аз ҳамлаҳои эҳтимолии киберӣ равона шудааст.
Вале мунтақидон мегӯянд, қонун боиси ҷорӣ шудани сензура дар аксари бахшҳои интернет шуда, ба хадамоти махсус имкон медиҳад, ки корбарони шабакаҳоро ба таври густарда назорат кунанд.
Ба гуфтаи муовини вазири алоқаи Русия Алексей Соколов, вазифаи тамрин таъмини кори боэътимоди интернет дар Русия аст. Ӯ ин нуктаро 23-юми декабр дар сӯҳбат бо телевизиони давлатии Русия баён дошт.