Ҷанги лафзии миёни Полшаву Русия дар масъалаи ин ки кадом ҷониб дар шурӯи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон гунаҳгор асту таърихро таҳриф мекунад, дубора авҷ гирифтааст. Рӯзи 21 декабр вазорати умури хориҷии Полша гуфт, “мо изҳороти намояндагони Федератсияи Русия, аз ҷумла президент Владимир Путинро дар бораи сабабҳову ҷараёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, ки ҳаводисро таҳриф мекунад, бо нигаронӣ ва нобоварӣ қабул кардем”. Варшава Маскавро дар “эҳёи таблиғоти сталинистӣ” ва “хароб кардани” талошҳои барқарории муносибатҳо, ки дар аҳди Михаил Горбачёв ва Борис Елтсин шурӯъ шуда буд, гунаҳгор кард. Оҷонсии русии ТАСС дар нақли қавл аз Мария Захарова, сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 22 декабр гуфт, ин Варшава аст, аз роҳи “изҳороти хашин ва хароб кардани муҷассамаҳои муборизони зидди фашизм муносибатҳоро ба ҳам мезанад”. Маскав инчунин Полшаро дар он муттаҳам кард, ки як ҷонибдори фаъоли ҷорӣ кардани таҳримҳои аврупоӣ нисбати Русия дар паи ишғоли нимҷазираи Қрим ва шурӯи ҷангҳо дар Украина буд. Ахиран Брюссел таҳримҳоро барои шаш моҳи дигар тамдид кард.
Русия соли 2014 нимҷазираи Қримро ишғол ва аз ҷангиёни ҷудоиталаб дар шарқи Украина пуштибонӣ кард. Аз он замон то кунун дар ин ҷангҳо 13 ҳазор нафар кушта шудааст. Маскаву Варшава аз ҳафтаи гузашта дубора ба ихтилофҳои лафзӣ гузашта Путин қудратҳои ғарбӣ ва Полшаро дар он муттаҳам кард, ки дар остонаи ҳамлаи фашистони нозӣ дар соли 1939 бо ҳукумати Гитлер чандин созишнома имзо карданд. Бисёр муаррихон Полшаро як қурбонии азимтарини Ҷанги Дуюми Ҷаҳон арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, дар ин кишвар 6 миллион нафар кушта шуданд, ки 17 дарсади аҳолии Полшаро ташкил медоданд.