Гузаргоҳи "Оқжол" миёни Қирғизистону Қазоқистон муваққатан баста мешавад

Қирғизистон моҳи январи соли 2020 бозсозии гузаргоҳи марзии "Оқжол" бо Қазоқистонро оғоз хоҳад кард. Бинобар ин, фаъолияти ин гузаргоҳ барои чанд муддат қатъ карда мешавад.

Ба огаҳии Хадамоти марзбонии Қирғизистон, дар вилояти Чӯйи ин кишвар панҷ гузаргоҳи марзии дигар бо Қазоқистон мавҷуд буда, шабонарӯз фаъолият хоҳанд кард.

"Бо ҷониби Қазоқистон дар мавриди иҷозати убур додан ба шаҳрвандони кишвари севум тавассути гузаргоҳои "Тоқмоқ-автодорожний" ва "Кен-Булун-автодорожний" гуфтугӯҳо идома доранд.

Пештар ҷониби Қазоқистон хабар дода буд, ки гузаргоҳи марзии "Кордай"-и худ бо Қирғизистонро бозсозӣ мекунад. Маълум нест, таъмири гузаргоҳ чи қадар идома меёбад.

Гузаргоҳи "Кордай-Оқжол"-и Қазоқистону Қирғизистон яке аз гузаргоҳҳои асосӣ миёни ду кишвар аст, ки рӯзона беш аз 10 ҳазор шаҳрванд аз он убур мекунад.