Чоршанбе Аловатов, овозхони ҷавони тоҷик, дар мавсими аввали Central Asia's Got Talent пирӯз шуд ва 10 миллион тангаи қазоқӣ, баробар ба беш аз 26 ҳазор доллар ҷоизаи асосии озмунро соҳибӣ кард. Пирӯзии ӯ дар пайи овоздиҳии сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ ба даст омад.
Ин овозхони тоҷик яке аз 12 иштирокдори даври ниҳоии Central Asia's Got Talent буд. Маросим рӯзи 22-юми декабр дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон баргузор гардид.
Чоршанбе Аловатов дар даври ниҳоӣ таронаеро аввал ба забони итолиёӣ ва сипас тоҷикӣ иҷро кард. Вай дар даврҳои гузашта таронаи "Агар он турки шерозӣ"-и Далер Назаров ва "Акрамҷон"-и Муборакшоро хонда, мавриди ситоиши доварону тамошобинон қарор гирифта буд.
Чоршанбе 21-сола ва писари Ақназар Аловатов, овозхони тоҷик аст. Вай дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон зода ва дар Душанбе бузург шудааст. Қаблан иштирокдори озмунҳои "Овози тиллоӣ" ва "Парвин" дар Тоҷикистон будю
Озмуни байналмилалии Central Asia's Got Talent дар даҳҳо кишвари дунё баргузор шудааст. Имсол ин озмун дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистону Қазоқистон баргузор шуд. Дар ин озмун аз чаҳор кишвар довталабони зиёде иштирок карда, ҳунару тавоноиҳои худро ба намоиш гузоштанд. Аз Тоҷикистон дар ин озмун афроди алоҳида ва инчунин гуруҳи рақсии "Падида" иштирок карданд.