Борис Ҷонсон – нахуствазири Бритониё – гуфт, ба бовари ӯ, НАТО дар панҷсад соли гузашта паймони муваффақи низомӣ дар ҷаҳон будааст. Ӯ рӯзи 21-уми декабр ҳангоми сафараш ба Эстония дар ин бора ибрози назар кард ва афзуд, "НАТО ояндаи хеле хуб хоҳад дошт".
Ҷонсон, ки ҳизби муҳофизакори ӯ дар интихоботи ахир дар Бритониё пирӯз шуд, ҳамчунон гуфт, интизор дорад, равобитро бо Русия беҳбуд бахшад. Аммо афзуд, ду кишвар мушкилоти бузурге доранд, ки ба ҷудоиашон анҷомидааст.
Нахуствазири Бритониё дар Эстония бо 850 сарбози кишвараш дидор кард. Амрико, Бритониё ва баъзе аз муттаҳидони НАТО дар пайи ишғоли нимҷазираи Қрими Украина аз сӯи Русия нирӯҳояшонро ба сурати ба сурати давраӣ ба Эстония, Латвия, Литва ва Полша мефиристанд.
Русия НАТО-ро ба хотири фиристодани нирӯҳои низомӣ дар наздикии марзҳояш танқид кардааст.