Кумитаи тафтишоти Русия таҳқиқи ҳамлаи маргборро идома медиҳад

Муфаттишон таҳқиқи ҳодисаи ҳамлаи маргбор дар назди бинои ФСБ ё Хадамоти амнияти федеролии Русияро идома медиҳанд. Рӯзи 20 декабр мардум ба макони тирандозӣ гул мегузоштанд.

Дар як ҳамлаи шоми 19 декабр дар беруни қароргоҳи ФСБ як ходими ин сохтор кушта ва панҷ нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Мақомот то ҳол исми ҳамлагарро фош накардаанд, вале таъкид мешавад, ки ин нафар ҳамон замон аз ҷониби полис ба ноҳияи сараш тир хӯрда кушта шуд.

Вале матбуоти маҳаллӣ ин шахсро ҳамчун як сокини вилояти Маскав шиносоӣ кард, ки машқи тирандозиро дӯст медошт. Ҳамла замоне рух дод, ки президент Владимир Путин, собиқ афсари КГБ дар консерти бахшида ба рӯзи хадамоти амниятии Русия дар Кремлин суханронӣ мекард. Бархе расонаҳо бо такя ба манобеи беном гуфтанд, ки ҳамлагари гумонбар Евгений Манюрови 39-сола мебошад, ки ба ҳайси як муҳофизи хусусӣ кор мекард. Гузоришҳо ҳокист, ки ин мард узви як клуби тирандозӣ буд ва дар хонааш ҳам чанд силоҳе дар ихтиёр дошт. Чанд ҳамсояи Манюров дар сӯҳбат бо оҷонсии Ройтерс гуфтанд, ки ФСБ дар соатҳои субҳи барвақти 20 декабр хонаи ӯро дар шаҳри Подолск тафтиш карданд. Аксар ҳамсояҳо ӯро як шахси ором ва хушмуомила арзёбӣ карданд. Як ҳамсоязани Манюров гуфт: “Ҳеҷ аломати фоҷеа набуд. Ҳеҷ ҳаракати аҷибу ғарибе намекард, ки кас бигӯяд ӯ метавонад кори баде бикунад. Одами ором, сокит ва бештар танҳо буд”.

Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи 20 декабр гуфт, ки таҳқиқи ин парвандаро раёсати марказии ин сохтор ба роҳ мондааст. ФСБ-ро меросбари аслии сохтори амнияти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ – КГБ меноманд.
Кумитаи тафтишоти Русия бо пахши изҳороте гуфт, ки “шоми 19 декабри соли 2019 марде дар наздикии бинои ФСБ дар кӯчаи Болшая Лубянка дар Маскав ба сӯи афсарони ҳифзи қонун оташ кушод”. Дар изҳорот омадааст, ки дар натиҷаи ин тирандозӣ як афсари ФСБ кушта шуда, панҷ нафари дигар, аз ҷумла як фарди мулкӣ маҷрӯҳ шуданд. “Ҳамлагар безарар гардонида шуд”, омадааст дар изҳорот. Дар ин изҳорот исми гумонбари кушташуда ваё сабабҳои эҳтимолии ҳамлаи аҷомдодаи ӯ нашр намешавад.