ИМА гуфт, қатъномаи бо ташаббуси Русия таҳияшуда оид ба ҷиноятҳои интернетӣ талош барои роҳандозии назорати давлатӣ дар интернет аст ва хатари аз ҷониби Маҷмаи кулли СММ қабул шудани он вуҷуд дорад. Рӯзи 18 ноябр Кумитаи сеюми СММ қатъномаи Русияро дар як раъйдиҳӣ қабул кард. Қарор аст 24 декабр Маҷмаи кулли СММ барои ниҳоӣ шудани ин санад овоз диҳад. Беларус як ҳаммуаллифи ин қатънома буда, Чин, Венесуэла, Никарагуа, Эрон ва Индонезия аз ин тарҳ ҷонибдорӣ кардаанд. ИМА, Иттиҳоди Аврупо дар симои Финляндия, инчунин Канада ва Ҷопон дар миёни кишварҳое мебошанд, ки мухолифи қабули тарҳи қатънома овоз доданд. Қатънома “Муқобила бо истифодаи иттилоот ва фанновариҳои мухобиротӣ бо ҳадафҳои ҷиноӣ” ном дошта, роҳро барои эҷоди як созиши нави марбут ба ҷиноятҳои интернетӣ аз ҷониби Русия боз мекунад. Таҳлилгарон мегӯянд, ки ин санад барои саркӯби озодиҳои интернетӣ дар дохили Русия ва ҳам мухолифони Кремлин равона шудааст.