Сардори Департаменти иттилоот ва иртиботи умумии Вазорати фарҳанги Қирғизистон Салкин Сарногоева гуфт, 46 нашрия ва маҷаллаи расмии вилоятиро барҳам доданд. Ба гуфтаи ӯ, Вазорати адлияи Қирғизистон ин расонаҳоро барҳам додааст ва ҳоло онҳо фаъолият надоранд.
"Дар расонаҳои вилоятӣ 600 нафар кор мекарданд, ки 110 тани онҳо ихтисор шуданд. Маоши кормандони боқимонда 15 дарсад боло бурда мешавад. Дар ҳоли ҳозир масъалаи таъсиси маркази расонаҳо дар вилоятҳо баррасӣ мешавад ва ба он телевизиону нашрияҳо шомил мешаванд. Сомонаи муттаҳидшудаи расонаҳо аз соли нав фаъол карда мешавад",-афзуд ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин сар аз соли нав бозомӯзии кормандони марказҳои расонаҳо оғоз шуда, ин марказҳо дар ҳар як ноҳия духабарнигорӣ хоҳанд дошт.
Вазири фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Қирғизистон Азамат Жаманқулов моҳи июли соли равон гуфт, ҳукумат тасмим дорад, сармоягузории нашрияҳои ноҳиявиро қатъ кунад. Дар саросари Қирғизистон 34 нашрияи ноҳиявӣ аст.
Масъалаи таъсиси маркази расонаҳо дар минтақаҳо Қирғизистон ҳанӯз дар соли 2017 матраҳ шуда буд. Маркази расонаҳо манбаи дарёфти иттилоъ барои сокинон хоҳад буд.
Ба гуфтаи Жаманқулов, дар мувофиқа бо тамоми вазоратхонаҳо дар ин замина консепсияе таҳия ва барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод шудааст.