Путин: Радди салоҳияи Трамп иттиҳоми сохта аст

Президенти Русия Владимир Путин гуфт, радди салоҳияти президенти ИМА Доналд Трамп як иттиҳоми сохта аст. Дар ҷараёни нишасти матбуотии рӯзи 19 декабраш Путин дар ҳузури журналистони маҳалливу хориҷӣ пешбинӣ кард, ки тасмими радди салоҳияти Трампро Сенат рад мекунад.

Путин инчунин дар мулоқот бо журналистон ба гармоиши иқлим ва манъи варзишгарони Русия аз ширкат дар бозиҳои олимпӣ муроҷиат кард. Дар мулоқот бо журналистони ватаниву хориҷӣ Путин гуфт, ки гармшавии иқлим назар ба дигар нуқоти ҷаҳон ба Русия ду баробар бештар зиён овардааст. Ӯ гуфт, ки тағйироти иқлим ба шаҳрҳои арктикии Русия, ки мутобиқ ба шароити якбандии абадӣ бунёд шудаанд, таҳдид мекунад. Путин гуфт, ки Русия мутобиқ бо шарту шурути созишномаи Париж, ки барои коҳиши суръати гармоиши иқлим иқдом кардааст, амал мекунад.

Дар робита бо манъи ширкати варзишгарони рус дар бозиҳои олимпӣ ва дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар давоми чор соли оянда, Путин гуфт, ки Оҷонсии зиддидопингии ҷаҳонӣ (WADA) ноодилона рафтор кард. Ӯ гуфт, ки WADA бояд дар тасмимгириҳояш нисбати варзишгарон ба таври инфиродӣ, на дастаҷамъӣ амал мекард. Нишасти матбуотии солонаи Путин баъди эътирозҳои тобистонаи Маскаву дигар шаҳрҳои Русия баргузор мешавад.

Дар нишасти матбуотии президенти Русия, ки 15-ум бор баргузор мешавад, ба иттилои Кремлин 1895 хабарнигори сабтиномшуда иштирок мекунанд.