Шарҳи расмии ВКД дар бораи қазияи Нилуфар Раҷабова. САДО

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба таври расмӣ қазияи Нилуфар Раҷабова, духтари узви зиндонии Ҳизби дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ Раҳматуллоҳи Раҷабро, ки гуфта буд дар як амалиёти мақомот "зидди сатр" боздошт ва сипас дар идораи пулис таҳқиру таҳдид шуда буд, шарҳ дод.

Додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи чаҳоршанбеи 18-уми декабр Нилуфар Раҷабоваро ба гуноҳи "майдаавбошӣ" 550 сомонӣ ҷарима кард. Раҷабова мегӯяд, вай гуноҳ надорад ва баръакс азияту таҳқир шудааст.

Дар хабарномаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба масъалаи боздошти Нилуфар Раҷабова ва бурдани ӯ ба шӯъбаи пулис, ишорае нашудааст. Ин хабар танҳо мегӯяд, ки парвандаи Раҷабова бар пояи шикояти "шаҳрванд Абдуллоева Р.Х" барои "суханони қабеҳи таҳқиромез" ба додгоҳи ноҳияи Сино ирсол шуд ва додгоҳ ӯро ҷарима кард. "Раҷабова Н.Р. ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, маблағи номбурдаро ихтиёран супорид",-омадааст дар хабари Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Аммо Нилуфар Раҷабова мегӯяд, бо кормандоне, ки ӯро боздошт карданд, ҳеҷ гуна вориди баҳс нашуда буд ва чун далел сабти ин муколамаро ҳам дорад. Аммо дар додгоҳ ин ҳамаро, ба гуфтаи ӯ, ба инобат нагирифтаанд. Нилуфар Раҷабова рӯзи 18-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ барои ду тифли бемораш каме бештар аз 500 сомонӣ нафақа мегирад ва бо ҳукми додгоҳ акнун маҷбур аст ин маблағро ҳамчун ҷарима ба давлат супорад.

Нилуфар Раҷабова гуфт, ки дар нисбати ӯ бар асоси шикояти Раъно Абдуллоева, раиси бахши занон дар ноҳияи Синои Душанбе парванда боз шуд. Раъно Абдуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Сино рӯзи 18-уми декабр аз суҳбат дар ин бора бо Радиои Озодӣ худдорӣ кард ва дар як тамоси телефонӣ гуфт, "вақт надорам".

Раҷабова 17-уми декабр аз рӯи масъулони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино 2 ба Вазорати корҳои дохилӣ расман шикоят бурда буд ва дар Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа ҳам барои ҳимояи ҳуқуқи ӯ дар додгоҳ алайҳи кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино изҳори омодагӣ карда буданд. Аммо ҳоло мақомот ба ҷои санҷиши шикояти Раҷабова, худи ӯро гунаҳкор эълон карданд.