Лағзиши замин дар сохтмони метрои Тошканд боиси марги 6 кас шуд

Рӯзи 18 декабр дар натиҷаи лағзиши замин дар макони сохтмони истгоҳи метрои Юнусобод шаш нафар ба ҳалокат расид.

Ба иттилои вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон, ҷасади сохтмончиён то субҳи 19 декабр аз зери харобаҳо берун оварда шуд. Ҳаҷми хисорот ва сабабҳои рух додани ҳодиса низ муайян мешавад.

Вазорат гуфтааст, ки ин ҳодиса мавриди таҳқиқи комиссиюни вижа қарор мегирад.

Шаҳрванди Б.М. соли таваллудаш 1975 шоҳиди ҳодиса буд ва аз дидани манзараи лағзиши замин зарбаи руҳӣ дидааст.