Порлумони Украина дар қироати дувум қонуни лағви дахлнопазирии вакилони худро қабул кард. Лоиҳаи қонунро 291 вакил ҷонибдорӣ карданд. Қонун аз 1 январи соли 2020 ба иҷро хоҳад даромад.
Қабули ин қонун яке аз бандҳои асосии барномаи пешазинтихоботии президенти Украина Владимир Зеленский ва ҳизбаш "Ходими мардум" буд. Ба гуфтаи президент, қонун иҷозат медиҳад, ки вакилони порлумон дар сурати содир кардани ҷиноят ба осонӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аз ҷиноҳҳои порлумонии "Ҳамраъйии аврупоӣ", "Баткившина" ва "Раъй" касе лоиҳаро ҷонибдорӣ накард.
Қонуни мазкур ҳазфи банди "кафолати дахлнопазирии вакилони порлумон"-ро аз моддаи 80-уми Конститутсияи Украина пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин банди "вакилон бидуни розигии порлумон наметавонанд боздошт, ҳабс ё ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд" аз Конститутсияи Украина ҳазф хоҳад шуд.