Департаменти давлатии ИМА рӯзи 17 декабр гуфт, ки иқдоми Конгресс дар амри эътирофи наслкушии арманиҳо дар ҳаводиси беш аз 100 соли пеш ҳеҷ рабте ба сиёсати президент Доналд Трамп надорад. Дар як изҳороти мухтасар Департаменти давлатӣ гуфт, ки мавқеи маъмурияти Трамп дар ин масъала бетағйир мемонад. Сенат ҳафтаи гузашта бо раъйи оро гуфт, ки куштори ҷамъии беш аз 1 миллион арманиҳо аз ҷониби туркони Усмониро наслкушӣ арзёбӣ мекунад. Айни чунин раъйгирӣ дар Маҷлиси намояндагон дар гузашта боиси эътирози ҳампаймони ИМА дар НАТО – Туркия шудааст. Морган Ортагус, сухангӯи Департаменти давлатӣ дар изҳороти дуҷумлаиаш навишт: “Мавқеи маъмурият бетағйир аст. Мавқеи мо дар изҳороти ниҳоии президент дар моҳи апрел баён шудааст”.
Рӯзи 24 апрел президент Доналд Трамп бо нашри изҳороте ба муносибати рӯзи бузургдошти хотири арманиҳо гуфт: “Хотири онҳое, ки дар як ваҳшонияти дастаҷамъии қарни 20 осеб диданд, шод бод”. Дар ин изҳорот аз истифодаи калимаи “наслкушӣ” худдорӣ шудааст. Иқдоми Сенат дар посух ба амалиёти Туркия дар Сурия ва дастёбӣ ба системаи мушакии S-400-и Русия гирифта шуд. Конгресс бо ин тасмимаш мехоҳад Трампро водор кунад, ки алайҳи президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон иқдоми сахттаре бигирад.