Эътилофи зидди шиканҷа гуфт, аз ҳаққи Нилуфар Раҷабова ҳимоят мекунад

Нилуфар Раҷабова

Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар Тоҷикистон барои кумаки ҳуқуқӣ ба Нилуфар Раҷабова, зани ҷавоне, ки иддао дорад барои пӯшидани сатр дастгир ва дар идораи пулис “соатҳо азият шудааст”, изҳори омодагӣ кард.

Намояндагони созмон рӯзи 17-уми декабр бо Нилуфар Раҷабова мулоқот намудаанд. Онҳо гуфтанд, Раҷабоваро бо вакили мудофеъ таъмин мекунанд ва ӯ аз ҳуқуқи зан дар додгоҳ ҳимоя хоҳад кард. Мақомоти пулис ҳамагуна азияти Нилуфар Раҷабоваро рад кардаанд.

Гулчеҳра Холматова, узви Эътилофи зидди шиканҷа, рӯзи 18-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо дар пайи муроҷиати Нилуфар Раҷбова тасмим гирифтанд, ба ӯ ёрии ҳуқуқӣ ва иҷтимоии худро пешниҳод кунанд.

Нилуфар Раҷабова мегӯяд, рӯзи 14-уми декабр дар ҷараёни як “рейд”-и ба гуфтаи ӯ, зидди занони сатрпӯш аз ҷониби намояндагони кумитаи кор бо занон ва пулис дастгир шуда, ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино 2-и пойтахт бурда шудааст. Ба гуфтаи ин зан баъди маълум шудани ин, ки ӯ духтари Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва хоҳари Шуҳрати Раҳматулло аст, бархӯрди пулис бо ӯ тағйир ёфта, “соатҳо озору азият шудааст”.

Мақомоти пулис ва кормандони шӯъбаи корҳои дохилаи Сино 2 иддаои шиканҷаву таҳқири Нилуфарро рад мекунанд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ гуфта буд, дар сурати муроҷиати расмии Нилуфар ба ин ниҳод, қазияи ӯ санҷида мешавад.

Нилуфар Раҷабова рӯзи 17-уми декабр аз рӯи масъулони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино 2 ба Вазорати корҳои дохилӣ расман шикоят бурдааст.

Маълумоти бештар бо нуқтаи назарҳо дар инҷост:

Бозпурсӣ ё "фаҳмондадиҳӣ"? Иддаои зани ҳиҷобдор ва ҷавоби мақомот. ВИДЕО