Созмони Дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch мегӯяд, президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев баъди “чанд иқдоме” барои роҳандозии ислоҳот дар ин кишвар, натавонист рӯҳияи ислоҳотро дар моҳе, ки интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад, тавсеа бахшад. Рӯзи 22 декабр дар Узбекистон нахустин интихоботи парлумонӣ дар аҳди Мирзиёев барпо мешавад, ки се соли пеш сари қудрат омад. Баъди марги президенти собиқ Ислом Каримов, ки бо шеваи диктотурии раҳбариаш маъруф буд, Мирзиёев гуфт, ки “ислоҳоти муҳим”-ро ба роҳ мемонад. Интихоботи Мирзиёев декабри соли 2016 “дар фазои маҳдудиятҳои шадид барпо шуд ва раъйдиҳандагон аз ҳуқуқи бунёдии ширкат дар интихоботи озоду одилона маҳрум буданд”, мегӯяд созмони Human Rights Watch. Узбекистон моҳи феврал чандин тағйиротро ба қонуни интихобот ворид кард, вале ислоҳот натавонист дар пешорӯи интихоботи парлумонӣ имкони интихоби номзадҳои воқеиро барои раъйдиҳандагон фароҳам кунад. Гузориш мегӯяд, ки панҷ ҳизби сабтшуда “бар асоси маҳдудаи аз ҷониби ҳукумат муқарраршуда” амал мекунанд ва ҳеҷ як ҳизб ваё номзади мустақил ваё оппозитсионӣ ба интихобот роҳ дода нашуд.