Роҳ ба самти Исфара пас аз як таниши марзӣ боз шуд

Мақомот дар Исфара мегӯянд, ки пас аз нофаҳмии рӯзи душанбе дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, вазъ дар маҳал ором аст ва роҳи деҳаи Сомониён ба самти Исфара боз шудааст. Дар нофаҳмии рӯзи 16-уми декабр сокинони ду деҳаи марзии Исфара ва Бодканд ба сӯи ҳам сангандозӣ кардаанд.

Сокинони Кук-Тоши Бодканд гуфтаанд, ки онҳо дар пайи дастгир шудани як сокини ин деҳа дар мавзеи Ворухи Тоҷикистон аз сӯи сарҳадбонони тоҷик, ба нишони эътироз роҳи тоҷиконро бастаанд. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон то ба ҳол ба ин иддаои сокинони Кук-Тош вокунише нишон надодаанд. Мақомоти сарҳадбонии Қирғизистон низ ҳанӯз ба таври расмӣ дар робита ба ин ҳодиса изҳори назар накардаанд.

Ба гуфтаи сокинони деҳаи Сомониёни Исфара, бастани роҳ аз сӯи қирғизҳо, боиси таниши лафзӣ ва мунҷар ба сангандозӣ миёни сокинони ин ду деҳаи марзӣ шуд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, дар натиҷа ду сокини деҳаи Сомониён ҷароҳат бардошта, шишаҳои мағоза ва нонвойхонаи шаҳрвандони Тоҷикистон пора шудааст.

Иқбол Тешаев, сухангӯи раиси шаҳри Исфара ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъ дар ҳоло дар деҳаи Сомониён ором аст. Вале ӯ афзуд, намешавад гуфт вазъ дар ин минтақаи баҳсноки марзӣ комилан ба эътидол омадааст, чун ба таъкиди ӯ, заминаи муноқишаҳо аз байн нарафтааст.​

Деҳаҳои Сомониёни Тоҷикистон ва Кук-Тоши Қирғизистон дар ҷамоати Чоркӯҳ канори ҳам ҷойгиранд. Аз паҳлӯи ин деҳа роҳи мошингарди Бодканд-Оқсой мегузарад ва баста шудани роҳи байни деҳа, сокинони Сомониёнро дар инзиво қарор дода буд.

Як сокини ин деҳа субҳи 17-уми декабр гуфт, роҳ ҳоло боз аст ва ӯ бидуни мамониат ба бозори Исфара рафтааст. "Мақомоти сарҳадбонӣ ба хотири такрор нашудани сангандозӣ маҳалро зери назорат гирифтаанд", - афзуд ӯ.

Ин роҳ пас аз мулоқоти намояндагони мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон боз шуд. Дар ин мулоқот мақомоти Суғду Бодканд ширкат карданд.

Давоми моҳи ҷорӣ барои бори савум аст, ки байни сокинони Исфараву Бодканд дар мавзеи Сомониён сангандозиву роҳбандӣ сурат мегирад ва мақомоти ҳар ду ҷониб онро фурӯ менишонанд.

Деҳаҳои Сомониён ва Кук-Тош аз мавзеъҳои ҳанӯз мушаххаснашудаи сарҳадӣ маҳсуб меёбанд, ки дар он сокинони тоҷику қирғиз канори ҳам зиндагӣ мекунанд ва гоҳу ногоҳ байни сокинон сари соҳиб шудан ба манобеи обу замин, баҳсу муноқишаҳо рух медиҳад.