AI: Дар Эрон маъракаи саркӯбҳои сартосарӣ ҷараён дорад

25 ноябри соли 2019, Теҳрон

Amnesty International ё созмони Афви байнулмилал гуфт, ки баъди эътирозҳои сартосарии моҳи гузашта, ки дар ҷараёни он 304 кас кушта шуд, мақомоти эронӣ «маъракаи бераҳмонаи саркӯб»-ро идома медиҳанд. Дар изҳороте, ки 16 декабр нашр шуд, созмони воқеъ дар Лондон гуфт, мақомот даст ба саркӯбҳои шадид зада, ҳазорҳо ширкатдорони намоишҳои эътирозӣ, хабарнигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва донишҷӯёнро боздошт мекунанд, то ки «дар бораи саркӯбҳои бераҳмона ҳарфе назананд». Филипп Лютер, раиси барномаҳои таҳқиқотӣ дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ мегӯяд, “баёноти даҳшатноки шоҳидони айнӣ аз он далолат мекунад, ки якбора баъди куштори садҳо ширкатдори эътирозҳои сартосарӣ, мақомоти эронӣ саркӯбҳои ҳамагониро ба роҳ монданд”.

Баъди он ки ҳукумат дар миёнаҳои моҳи ноябр гуфт, дар пасманзари таҳримҳои ИМА қимати сӯхт боло рафтааст, дар Эрон эътирозҳои сартосарӣ шурӯъ шуд. Афви байнулмилал бо такя ба «манобеи мустақил» гуфт, ки чанд рӯз баъди саркӯби эътирозҳо нирӯҳои амниятӣ даст ба ҳабси ширкатдорони эътирозҳо зада, мардумро аз хонаву ҷои кор дастгир карданд. Ин созмон мегӯяд, ки дар миёни дастгиршудаҳо кӯдакони 15-сола ҳам ҳастанд, ки ҳамроҳ бо калонсолон боздошт ва ба зиндонҳои бисёр сангини мисли Фашофуяи канораҳои Теҳрон интиқол дода шуданад. Ин зиндон бо шиканҷаву бадрафторӣ нисбати зиндониҳо маъруф аст.